Ссылки доступа

Русия ба Сурия фиристодани тӯпхонаи худро тасдиқ кард


Вазорати мудофиаи Русия ба Сурия фиристодани муҷтамаҳои мушакиро тасдиқ кард.

Дар мусоҳиба бо нашрияи "Комосомолская правда" сарфармондеҳи Нерӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия Виктор Бондарев изҳор дошт, ки тӯпҳо ва мушакҳо барои пешгирӣ аз рабуда шудани ҳавопаймоҳои русӣ ва зарбаҳои ҷавобӣ интиқол дода шудаанд.

Пештар 4 ноябр намояндаи баландмақоми Департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд изҳор дошта буд, ки Русия дар наздикии шаҳрҳои Ҳомс ва Ҳамо нерӯҳои тӯпчии худро ҷойгир кардааст. Москва ҳузури нерӯҳои заминии худ дар Сурияро барои пуштибонӣ аз ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ба ошӯбгарон тақвият медиҳад, зикр кард вай.

Русия аз 30 сентябр то ҳол дар Сурия амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Бино бар омори расмӣ дар як шабонарӯз нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳисоби миёна 50-60 зарба мезананд. Москва борҳо изҳор дошт, ки зарбаҳои ҳавоӣ зидди ифротгароёни гурӯҳи дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ" равона шудаанд. Мухолифони суриягӣ ва ҳукуматҳои ғарбӣ зикр мекунанд, ки Русия бо нерӯҳои мухолифи режими Башор Асад меҷангад.

XS
SM
MD
LG