Ссылки доступа

Куҳансолтарин сокини Қирғизистон Айша Атабаева 130-сола шуд


Куҳансолтарин сокини Қирғизистон Айша Атабаева 130 сола шуд. Дар ин бора аз маъмурияти ноҳияи Қара-Сууй хабар доданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод Айша Атабаева дар деҳаи Тогуз-Булак зиндагӣ мекунад. Вай дар соли 1885 дар деҳаи Правдаи ноҳияи Алай таваллуд шудааст. Соли 1905 издивоҷ карда, ҳамроҳи шавҳараш ба ноҳияи Қара-Сууй кӯчидааст.

Вай 4 фарзанд, 32 набера ва 47 абера дорад.

Дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки вазъи Атабаева хеле хуб аст, имконияти шунавоӣ ва бинишаш хубанду мустақилона гаштугузор мекунад.

Зикр шуд, ки дар ноҳияи Қара-Сууй беш аз 10 нафаре зиндагӣ мекунанд, ки синну солашон аз 100 сол бештар аст.

XS
SM
MD
LG