Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон қонуни фаъолияти адвокатӣ тағйир ёфт


Порлумони Тоҷикистон ба қонуни вакилони дифоъ тағйирот ва ислоҳоте ворид сохт, ки тибқи онҳо вакилони дифоъ зимни оғоз ва идомаи фаъолияти худ бояд ҳар панҷ сол аз санҷиши махсуси вазорати адлия гузаранд.

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод ҳангоми муаррифии тарҳи ин тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи вакилони дифоъ гуфт, ки ҳамакнун вакилони дифоъ аз ҳаққи ҳимояи хешовандонашон дар додгоҳ маҳрум карда мешаванд. Ҳамчунин вакилони дифое, ки доғи судӣ доранд, дигар наметавонанд ин масъулиятро иҷро кунанд.

Тағйирот дар қонун ҳамчунин ба онҳое дахл дорад, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд ва ҳамакнун қонун онҳоро аз фаолияти вакили дифоъ дар Тоҷикистон маҳрум месозад.

Худи вакилони дифоъ бар ин назаранд, ки ин ислоҳот дар қонун фаолияти онҳоро маҳдуд сохта, мустақилияти онро зери савол мегузорад.

Тағйирот ва ислоҳот ба қонун дар бораи вакилони дифоъ ҳангоме ворид карда мешаванд, ки тибқи изҳороти созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар дар ду соли ахир дар Тоҷикистон чаҳор вакили дифое боздошт шуданд, ки дар парвандаҳои пурсарусадо машғули ҳимоя буданд.

XS
SM
MD
LG