Ссылки доступа

Кишварҳои соҳили Балтик аз Русия товони "ғасби шӯравӣ"-ро мехоҳанд"


Вазирони адлияи кишварҳои соҳили Балтик рӯзи панҷшанбе дар Рига қатъномаи ҳамкорӣ имзо карданд, ки дар он аз Русия ба унвони меросхури Иттиҳоди Шӯравӣ пардохти ҷуброн барои "ғасби шӯравӣ" талаб мешавад, хабар медиҳад "Интерфакс".

"Эътирофи қонунӣ аз сӯйи кишварҳои соҳили Балтик имкон медиҳад, ки чунин даъво карда шавад. Тибқи муқаррароти қонунҳои байналмиллалӣ тақозои ҷуброни ғасб ҳам ба шакли пардохти ҷуброни моддӣ ва ҳам ба шакли узрхоҳӣ имконпазир аст", - изҳор дошт ба "Интерфакс" тавассути маркази матбуотӣ раҳбари вазорати адлияи Эстония Урмас Рейнсалу.

Ба унвони қадами аввал раҳбарони вазоратхонаҳо тавофуқ карданд, ки навҳаи муштараки арзёбии хисоротро таҳия кунанд. Сипас онҳо мехоҳанд бар пояи қонунҳои байналмиллалӣ дархости товонро таҳия ва иқдоми қонунии барои расидан ба ин ҳадафро омода кунанд.

Рейнсалу таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои соҳили Балтик ба таври якҷониба аз ин дархост даст накашидааст.

Ба ҷуз аз ин, ниҳодҳо имкони дархостҳои дастҷамъона аз сӯйи шахсони алоҳидаро низ баррасӣ мекунанд.

Дар Эстония зарари сиёсати зулмовари режимҳои ғасбгароро комиссияи махсусе арзёбӣ кардааст, ки соли 2004 фаъолияти худро анҷом додааст, зикр мекунад вазорати адлия.

XS
SM
MD
LG