Ссылки доступа

Филми қирғизии «Сутак» дар ҷашнвораи Ҳинд ҷои дуввумро гирифт


Филми коргардони қирғиз Мирлан Абдикаликов «Сутак» дар ҷашнвораи Jio Mami Mumbai дар Ҳинд ҷойгоҳи дуввумро гирифт.

Дар ин бора мунаққдиди филм Гулбара Толомушева хабар дод.

Ба гуфтаи вай дар ин ҷашнвора 15 филм аз 25 кишвар намоиш дода шуданд.

«Сутак» то ҳоло ҷоизаҳои чанд ҷашнвораҳои байналмиллалиро соҳиб шудааст. Акнун филм дар ҷашнвораи синамо дар Олмон намоиш дода мешавад. Ҳамчунин ин филмро мехоҳанд барои дарёфти ҷоизаи озмуни синамои «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ» номзад кунанд.

XS
SM
MD
LG