Ссылки доступа

Дар Қазоқистон шӯроҳо ба шакли нав бармегарданд


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қонуни нави шӯроҳои ҷамъиятиро имзо кард, хабар медиҳад имрӯз маркази матбуотии президент.

Ин тарҳи қонун дар нимаи моҳи октябр аз сӯйи порлумон тасвиб шуда буд.

Дар қонун зикр шудааст, ки шӯроҳои ҷамъиятӣ бояд “назари ҷомеаро ба масоили муҳими ҷомеа инъикос кунанд”. Интизор меравад, ки дараҷаи коршоямии ниҳодҳои давлатиро баҳои шӯроҳои ҷамъиятӣ муайян карда, машварати онҳо барои ниҳодҳои давлатӣ ҳатмӣ хоҳад буд.

Шӯроҳои ҷамъиятиро, зикр шудааст дар тарҳи қонун, “шахси обрӯманди ҷомеа раҳбарӣ мекунад”, ки вазифаи давлатӣ надорад ва кораш бемаош хоҳад буд.

Дар тарҳи қонун гуфта шудааст, ки шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ду сатҳ – ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.

Ҳангоми баррасии ин тарҳ бархе аз фаъолони ҳуқуқи инсон зикр мекарданд, ки дар он шакли назорати ҷамъиятӣ аз ҳад зиёд маҳдуд карда шудааст. Норозиён ҳамчунин изҳор медоштанд, хатаре вуҷуд дорад, ки худи шӯроҳо ба навъи ниҳодҳои давлатӣ табдил ёбанд.

XS
SM
MD
LG