Ссылки доступа

Фаъолон ба зарурати ислоҳот дар ВКД-и Қирғизистон таъкид карданд


Фаъолони ҷомеа аз вакилони порлумони Қирғизистон хостанд, дар сохтор ва мароми кори милитсия дар Қирғизистон ислоҳот ҷараён ёбад.

Дар идомаи ин даъвати худ иттиҳоди шаҳрвандии “Барои ислоҳот ва натиҷа” ҷамъоварии имзои сокинонро дар зери муроҷиатнома ба ҳайати нави порлумон оғоз кардааст.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки 82,3% сокинони интизори ислоҳот дар ниҳодҳои интизомиянд.

Зикр шудааст, ки ҳайати гузаштаи порлумон ба мавзӯи ислоҳоти милитсия таваҷҷӯҳи зарурӣ нишон надода, масъулияти қабул ва иҷрои барномаи ислоҳоти милитсияро ба ҳукумат ва худи ВКД вогузор кард.

Аъзои Иттиҳоди шаҳрвандии “Барои ислоҳот ва натиҷа” бар инанд, ки ислоҳот бояд ба шакли куллӣ ва бо ҳадафи мушаххаси давлатӣ сурат бигирад. Ҳадафи асосии ислоҳот аз гузариш ба он шакли ниҳодҳои интизомӣ аст, ки дар маркази он инсон бо манфиатҳояш ва ҳуқуқҳояш қарор дошта бошад.

XS
SM
MD
LG