Ссылки доступа

Гитори Ҷон Леннонро ба 2,4 миллион доллар фурӯхта шуд


Дар музоядаи Julien's дар Лос-Андҷелес гитори J-160E Gibson, ки дар гузашта ба Ҷон Леннон тааллуқ дошт фурӯхта шуд.

Арзиши ин гитор дар музояда ба 2,4 миллион доллар расид.

Ба иттилои “Садои Амрико” шахсияти харидор ошкор карда намешавад.

Ташкилкунандаҳои музояда дар шарҳи ин гитор навиштаанд, ки “вай аз лиҳози таърихӣ муҳимтарин васлкунанда бо гурӯҳи Beatles мебошад”.

Ба иттилои Julien's ин гитор баъд аз ҳунарнамоии солинавии Beatles дар боғи Финсберии Лондон дар моҳи декабри соли 1963 нопадид гашт ва беш аз ним аср дар бораи сарнавишти он иттилое вуҷуд надошт. Ташкилкунандагони музояда изҳор доштанд, ки ин “нодиртарин ва муҳимтарин гитор дар таърихи Ҷон Леннон мебошад”.

Гуфта мешавад, ки Леннон ва Ҷорҷ Харрисон дар соли 1962 як донаӣ аз гитори ширкати Gibson харидорӣ кардаанд. Ин ду гитор аз Амрико ба Бритониё “бо дастури махсус” ворид карда шуданду якхела буда, танҳо шумораи онҳо фарқ мекунад. Ба иттилои ташкилкунандагони музояда Леннон ин гиторро зимни навохтани оҳангҳои бештаре аз навоҳои ин гурӯҳ, ки дар солҳои 1962-1963 сабт шудаанд, истифода кардааст.

XS
SM
MD
LG