Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон гурӯҳе аз ҷонибдорони Мирзо Зиёев боздошт шудааст


Дар Тоҷикистон гурӯҳи ҷонибдорони собиқ фармондеҳи мухолифон боздошт шуд, ки ба иддаои мақомот, исёни мусаллаҳона таҳия мекарданд.

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон беш аз даҳ нафареро боздошт кардаанд, ки ба таъсиси гурӯҳи мусаллаҳ бо мақсади ноором кардани вазъ айбдор мешаванд.

Манбаи Радиои Озодӣ 9 ноябр хабар дод, ки ҳамаи онҳо ҷонибдорони собиқ вазири ҳолатҳои фавқуллода ва фармондеҳи собиқ нерӯҳои муштараки мухолифин Мирзо Зиёев мебошанд, ки дар асоси баёноти аъзои гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода боздошт шудаанд, ки бештар бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим маъруф буд.

«Аз аъзои ин гурӯҳ аслиҳа мусодира карда шуд. Баъд аз пайдо кардани баёноти аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим онҳо тӯли як моҳ таҳти назорати мо қарор доштанд», - афзуд манбаъ.

Мирзо Зиёев, фармондеҳи собиқ нерӯҳои мухолифини тоҷик баъд аз имзои созишномаи умумии сулҳ дар соли 1997 ба вазифаи вазири ҳолатҳои фавқуллода ва ҳимояи гражданӣ тайин карда шуд. Дар соли 2009 ба иттилои расмӣ вай ҳангоми хоҳиши таслим шудан ба мақомоти расмӣ аз сӯйи ҷонибдоронаш кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG