Ссылки доступа

Дар Қирғизистон коҳиши ҳаҷми тиҷорат мушоҳида мешавад


Ба иттилои Вазорати иқтисоди Қирғизистон аз моҳи январ то сентябри соли 2015 дар кишвар коҳиши ҳаҷми савдои яклухт ва чакана мушоҳида шудааст, ки мутаносибан ба 2,6% ва 4,6% камтар шудаанд.

Тоҷирон ба унвони яке аз душвориҳо дар ин арсаро мушкилот зимни таҳияи муқаррароти гумрукӣ медонанд. Надоштани иттилои комил аз сӯйи тоҷирон дар бораи шароит ва қоидаҳои воридот ба қаламрави ИИАО яке аз нуктаҳои манфиест, ки мушкил эҷод карда, ба хисороти моддӣ ва замонӣ сабаб мешавад.

Зикр мешавад, ки мушкилоти изофӣ арзиши маҳсулотро зиёд мекунанд ва дар ниҳоят бозорҳои дохилӣ рақобатпазирии худро аз даст медиҳанд.

Боз як далели мушкилот ба интиқоли маҳсулот марбут аст, ки дар миёни онҳо нархгузории интиқолҳо аз ҷумла тавассути роҳи оҳан ва ҳамчунин ҳамроҳӣ кардани мавод дар ҳамлу нақл тавассути қаламрави кишварҳои узви ИИАО мебошанд.

XS
SM
MD
LG