Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз боздошти лейтенанти калони нерӯҳои мусаллаҳи Федератсия Русия Иван Шербаков ба гумони қатли шаҳрванди Тоҷикистон Ш. Ҷабборова хабар медиҳанд. Афсари рус 9 ноябр боздошт шуда, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқи он идома дорад.
Дар бахши милитсияи Сино-1 мегӯянд, ки қатл 5 ноябр дар ҳудуди воҳиди низомӣ рух дода, дар пайи муроҷиати хешовандони Ҷабборова дар бораи бедарак шудани Ҷабборова 9 ноябр ин ҷиноят ошкор шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни бозпурсии аввалия лейтенанти калон Иван Шербаков хабар дод, ки "занро дар ҳолати мастӣ куштааст ва чизе дар хотир надорад".