Ссылки доступа

Reuters ба ҳақиқати хабар дар бораи духтари Путин пойфишорӣ мекунад


Катерина Тихонова ва Кирилл Шамалов

Катерина Тихонова ва Кирилл Шамалов

Намояндаи Reuters ба хабаргузории РБК изҳор доштааст, ки агентии хабарӣ сабти сӯҳбат бо раиси ҳайати мудирияти "Газпромбанк" Андрей Акимовро дар ихтиёр дорад, ки Катерина Тихонова духтари хурдии раиси ҷумҳури Русия буданашро тасдиқ мекунад.

Аз ин пеш сухангӯйи раиси ҷумҳури ФР Дмитрий Песков ва раҳбари "Газпромбанк" Андрей Акимов маълумотҳои дар матлаби рӯзи сешанбе нашр шудаи Reuters-ро дар бораи духтари Путин рад карданд. Дар ин матлаб гуфта шудааст, ки духтари Путин ва шавҳараш Кирилл Шамалов ба маблағи қариб ду миллиард доллар моликият доранд. Песков аз ҷумла изҳор доштааст, ки дар бораи ҳуввияти духтарони Путин маълумот надорад.

Қаблан дар расонаҳо хабарҳое пайдо шуда буданд, ки духтари хурдии Путин - Екатерина номи хонаводагии шавҳараш - Тихоновро гирифта, раҳбарии як ниҳоди илмии ширкати "Иннопрактика" дар назди Донишгоҳи давлатии Москваро бар ӯҳда дорад, аммо тасдиқи расмии ин хабар нашр нашуда буд.

XS
SM
MD
LG