Ссылки доступа

Донишҷӯйи ДДМ ба ҳамкорияш бо "Давлати исломӣ" иқрор шуд


Варвара Караулова
Варвара Караулова

Донишҷӯйдухтари ДДМ Варвара Караулова дар додгоҳ айби худро дар талоши ҳамкорӣ бо гурӯҳи дар Русия мамнӯи ифротгарои "Давлати исломӣ"-ро тасдиқ кард.

Дар ин бора судя зимни эъломи дастхати бозпурсии Караулова эълом кард.

10 ноябр ба Караулова расман айбнома дар мавриди талош барои пайвастан ба сафи "ДИ" эълом шуд. 10 ноябр дар ҷаласаи додгоҳи шаҳри Москва, ки дар он шикояти вакилони дифоъ аз боздошти Караулова баррасӣ мешуд, вай аз хидмати вакилони дифои худ -Александр Носков ва Александр Карабанов даст кашид. Карабанов ҳадс зада буд, ки ба зерҳимояаш дар боздоштгоҳ фишор оварда мешавад.

28 октябр додгоҳи Лефортовои Москва Варвара Карауловаро то 23 декабр ҳукми ҳабс карда буд. Дар моҳи июни соли 2015 духтарак талош карда буд, ки ба Сурия бираваду эҳтимолан мехостааст ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" бипайвандад.

Донишчӯйи факултети фалсафаи ДДМ дар охири моҳи май нопадид шуд. Дар аввали моҳи июн вай дар миёни гурӯҳи 13 нафарии шаҳрвандони Русия зимни талоши убур аз марзи миёни Туркияву Сурия боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG