Ссылки доступа

Порошенко: вазъият дар шарқи Украина бадтар мешавад


Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко, вазъият дар шарқи Украина бадтар шуда, амният ва якпорчагии қаламрави кишвараш зери хатар аст.

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиа вай хабар дод, ки талошҳои ҷудоихоҳон дар минтақаҳои ҷудогонаи вилоятҳои Донетск ва Луганск метавонанд "ба иҷрои созишҳои Минс мушкил эҷод карда" ва "бо истифода аз иғво метавонанд низомиёни украинро таҳрик диҳанд".

Худи ҳамин рӯз намояндаи фармондеҳӣ Андрей Лисенко изҳор дошт, ки дар 50 километрии Донетск, дар деҳаи Гранитино як низомӣ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи вай дар шабонарӯзҳои гузашта ҳамчунин панҷ сарбоз захмӣ шудаанд, ки зери тирборон афтодаанд. Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ 21 мавриди вайрон кардани оташбас аз сӯйи шӯришгарон сабт шудаанд, ки ба онҳо артиш посух додааст.

Ҷонибҳои даргир асосан муқаррароти оташбасро, ки дар аввали моҳи сентябр аз сар гирифта шуд, риоя мекунанд. Дар минтақа ҳамчунин канор бурдани аслиҳаи вазнин аз хатти даргирӣ сурат гирифтааст. Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Александр Турчинов чунин изҳор дошт: "Нерӯҳои ғасбгарои русӣ ҳама корро анҷом медиҳанд, ки ба нақшаи сулҳ монеъ шаванд... Онҳо метавонанд амалиёти низомиро ҳар лаҳза оғоз кунанд".

XS
SM
MD
LG