Ссылки доступа

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо айби "таблиғи терроризм" маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Архангелски Русия шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми "таблиғи терроризм" ба се соли зиндон маҳкум кард.

Дар додситонии вилояти Архангелск изҳор доштанд, ки Шаҳбоз Азимови 20-сола дар барангехтани нафрат, даъватҳои оммавӣ барои терроризм ва чопи матлабҳои сафедкунандаи амалҳои террористӣ дар Интернет айбдор дониста шудааст.

Бозрасон мегӯянд, ки Азимов дар шабакаҳои интернетӣ матлабҳоеро ҷо мекард, ки дар онҳо мусалмонони Русияро ба "ҷиҳод"-и зидди ғайримусалмонҳо даъват шуда, онҳоро барои пайвастан ба ҷангиёни исломӣ дар Ироқ ва Сурия таблиғ мекард.

Маъмурони пулис мегӯянд, ки дар манзили Азимов дар Архангелск маводи чопӣ ва электроние пайдо кардаанд, ки матни онҳо ифротгароии исломиро таблиғ мекунанд.

Азимов 10 рӯз дар ихтиёр дорад, ки аз ин ҳукми додгоҳ шикоят кунад.

XS
SM
MD
LG