Ссылки доступа

Маҳбуси сиёсии Ӯзбекистон баъд аз 21 соли зиндон озод шуд


Сиёсатмадори мухолифи ӯзбек Мурод Ҷӯраев, ки 21 соли умри худро дар зиндон гузаронид, имрӯз ба озодӣ баромад.

Ба иттилои фаъоли ҳуқуқи башари ӯзбек , раҳбари созмони "Эзгулик" Васила Иноятова, ки Ҷӯраевро якҷо бо хешовандонаш дар назди дарвозаи зиндон дар шаҳри Чирчик пешвоз гирифтааст, баъд аз зиндон баромадан вай ба хонааш ба вилояти Қашқадарё рафт.

Сабаби расмии озодии Ҷӯраев "тамом шудани мӯҳлати ҷазо" унвон шудааст. Ба эътиқоди Васила Иноятова, талаби созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи башар ва ташрифи Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ба Ӯзбекистон, ки дар ҷараёни сафари худ бо президенти кишвар Ислом Каримов мулоқот кардааст, дар озод шудани Ҷӯраев нақш бозидаанд.

Мурод Ҷӯраев дар моҳи сентябри соли 1994 боздошт ва бо айбномаи талоши ғасби ҳокимият ба мӯҳлати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуд. Мақомот чаҳор маротиба мӯҳлати ҷазои ӯро ба далели вайрон кардани қоидаи зиндон дароз карданд.

XS
SM
MD
LG