Ссылки доступа

Чин ва Туркманистон «тарҳи бузурги асри 21-ро” баррасӣ мекунанд


Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имрӯзи бо сафаре вориди Чин шуд, хабар медиҳанд расонаҳои давлатии Туркманистон.

Ба навиштаи онҳо, ин сафар барои баррасии вазъи сохтмони лӯлаҳои газ миёни ду кишвар сурат гирифтааст. Интизор меравад, ки ба чорчӯби ин тарҳи фаромиллии лӯлаи гази Туркманистон – Чин се масири кашидани лӯлаи газ тавассути қаламрави Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомил мешаванд. Расонаҳои давлатии Туркманистон ин хатти лӯлаҳои газро “бузургтарин тарҳи асри 21” унвон мекунанд.

Феълан Чин харидории аслии гази Туркманистон шумурда мешавад. Дар ҳафтаи гузашта Бердимуҳаммадов дастур дод, ки сохтмони лӯлаи гази ТАПҲ – аз Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд оғоз карда шавад.

XS
SM
MD
LG