Ссылки доступа

Шаҳрванди Куба дар орзуи шаҳрвандии Қазоқистон (Видео)


Густаво Субисаррета, зодаи 48 солаи пойтахти Куба, шаҳри Гавана панҷ соли ахир дар вазъи муҳоҷири ғайриқонунӣ қарор дорад. Вай ба Қазоқистон соли 1991 ҳангоми таҳсил дар Одесса омада, бо сокини шаҳри Талдиқурғон издивоҷ кардааст.

Баъд аз ноҷӯрӣ дар оила ва варшикастагии тиҷораташ Густаво маблағе барои ивази шиносномаи худро пайдо накард ва ҳамакнун бо ҳукми додгоҳ бояд аз Қазоқистон ихроҷ карда шавад.

Густаво Субисаретта ният дорад аз президенти кишвар Нурсултон Назарбоев дар бораи барояш додани шаҳрвандии Қазоқистон дархости кӯмак кунад.

Ба сарнавишти ин марди кубагӣ дар дафтари ҳуқуқи инсони Қазоқистон таваҷҷӯҳ карданд. Муовини раҳбари КМБПЧ Денис Ҷивага мегӯяд, ки ин созмон барои барқарор кардани шиносномаи кубагиаш ба вай кӯмак карда, сипас мавзӯи дарёфти шаҳрвандии Қазоқистонро ҳал мекунанд.

XS
SM
MD
LG