Ссылки доступа

Дар Қирғизистон дараҷаи бовари муштариёнро месанҷанд


Дар Қирғизистон санҷиши эътимоди корӣ (BCI) ва нишондоди дилпурӣ ба хароҷот (CCI) шурӯъ мешавад.

Чунин таҷриба дар бештаре аз кишварҳои аврупоӣ вуҷуд дорад ва акнун дар Қирғизистон ин корро Донишкадаи миллии таҳқиқоти стратегӣ анҷом медиҳад.

Нишондоди дилпурӣ ба хароҷот (Consumer Confidence Index, CCI) барои мушаххас кардани рӯҳияҳо ва интизориҳо дар ҷомеа зарур аст. Ин нишондод барои арзёбии вазъи феълӣ ва дурнамои тағйирҳо дар иқтисод зарур буда, бар пояи назарсанҷиҳои давраии аҳолӣ таҳия мешаванд.

Нишондоди эътимоди корӣ (BusinessCofidenceIndex, BCI) – ин арзёбии рӯҳия ва интизориҳои тоҷирон мебошад. Ин нишондод низ барои арзёбии вазъи кунунӣ дар иқтисод истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG