Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тадбирҳои сахти амниятӣ ҷорӣ мешаванд


Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев 14 ноябр бо раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ҷаласа баргузор кард. Дар ин бора ба Аазаттик» сухангӯйи девони вазирон Бакит Асанов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар робита ба амалҳои террористӣ дар Фаронса Сариев дастур дод, ки тадбирҳои амниятӣ дар кишвар тақвият дода шаванд. Нахуствазир аз ҷумла супориш дод, ки марказҳои тиҷоратии бузург ва муасиссаҳои иҷтимоиро таҳти назорат гирифта, дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд.

13 ноябр дар Париж дар чанд ҳамлаҳои мусаллаҳона ва таркишҳо132 нафар кушта ва беш аз 350 нафар захмӣ шудаанд. Темир Сариев зикр кард, ки барои таъмини амният дар кишвар ваҳдат ва тақвияти ниҳодҳои интизомӣ зарур аст.

XS
SM
MD
LG