Ссылки доступа

Модари Умаралӣ Назаров аз Русия ихроҷ карда шуд


Зарина Юнусова

Зарина Юнусова

Шаби гузашта аз Петербург ба Душанбе ҷасади Умаралӣ Назарови панҷмоҳа фиристода шуд, ки 13 октябр дар Маркази эҳёи кӯдакони партофташуда баъд аз чанд соате, ки ниҳодҳои интизомӣ ӯро аз оилаи муҳоҷирони тоҷик гирифтанд, фавтида буд.

Бо ҳамин ҳавопаймо модари кӯдак Зарина Юнусова тибқи ҳукми додгоҳ дар бораи ихроҷ аз қаламрави Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ба ватан баргаштааст, хабар медиҳад «Коммерсант-Ъ”.

Ба далели ихроҷи маъмурӣ Зарина Юнусова дар тӯли панҷ сол ҳақ надорад дигар вориди Русия шавад.

Дар остонаи депорти Юнусова дар гирдиҳамоиҳо дар Петербург ва Москва аз эҷоди мушкил дар таҳқиқи фавти кӯдак изҳори нигаронӣ шуд. Ширкаткунандагони ин иқдомот ҳамчун ба натиҷаҳои таҳқиқоти судиву тиббӣ изҳори нобоварӣ карданд.

Дар натиҷаҳои ин ташхис гуфта шудааст, ки кӯдак дар пайи хурӯҷи ногаҳонии тситомегаловирус фавтидааст. Ба эътиқоди онҳо, ин сироят танҳо дар сурати коҳиш ёфтани масунияти бадан, аз ҷумла беҳолшавии комили ҷисм ва ё СПИД метавонад, сабаби фавти ногаҳонӣ шавад. Умаралӣ ҳеҷ яке аз ин бемориҳоро надошта, кӯдаки солим маҳсуб ёфта, ҳатто, баръакс нисбат ба синну соли худ вазни изофие ҳам дошт.

XS
SM
MD
LG