Ссылки доступа

Модари Умаралӣ: ихроҷи ман ҳадафмандона аст


Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа, бо расидан ба Душанбе субҳи 16 ноябр изҳор дошт, ки ҳадаф аз ихроҷи шитобкоронаи ӯ пешгирӣ аз талаби вай барои таҳқиқи воқеии парвандаи марги писараш аст.

Юнусова натиҷаҳои ташхиси судиву пизишкии мақомоти русро ғайривоқеӣ медонад, ки сабаби марги Умаралиро бемории сармохурдагӣ унвон кардааст. "Умаралӣ то замоне, ки маъмурони пулис ӯро аз ман ҷудо карданд, комилан сиҳат буд. Ҳеҷ касалие надошт. Ҳамеша таҳти назорати духтурон буд", - гуфт вай.

Субҳи 16 ноябр дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" аз Санкт-Петербург нишаст, ки дар дохили он Зарина Юнусоваи депортшуда бо ҷасади писараки панҷмоҳаи вай Умаралӣ Назаров буданд. Умаралӣ беш аз як моҳ пеш дар пойтахти шимолии Русия ҷон бохта буд.

XS
SM
MD
LG