Ссылки доступа

Ширкатҳои сайёҳии Қирғизистон аз Лондон бо созишномаҳои нав баргаштанд


Намояндагони чаҳор ширкати сайёҳии Қирғизистон дар намоишгоҳи World Travel Market (WTM), ки аз бонуфузтарин ҳамоишҳо дар арсаи сайёҳии байналмиллалӣ дониста мешаваду ҳамасола дар Лондон баргузор мешавад, ширкат кардаанд.

Аъзои анҷумани ширкатҳои сайёҳии Қирғизистон (АШСҚ) бо ҳамкорони эҳтимолӣ мулоқот карда, интизориҳои ҷаҳонгардони байналмиллалиро баррасӣ карданду бозори ҷаҳониро омӯхтанд ва бо шарикон аз Аврупо чанд қарордод имзо намуданд, хабар доданд дар маркази матбуотии Сафорати ИМА дар ҶҚ.

"Дар чаҳорчӯби ширкат дар намоишгоҳи WTM ширкатҳои Қирғизистон тавонистанд ҳамкориҳои худ бо ширкатҳои сайёҳии хориҷиро васеъ созанд ва онҳо Қирғизистонро ба махзани Аврупоии хадамоти ҷаҳонгардии худ шомил карданд", - хабар дод яке аз ширкаткундагони ин намоишгоҳ Алия Кидирмаева.

Ширкатҳои сайёҳии «NoviNomadTravelCompany», «Tien-ShanTravel», «Edelweiss» и «Аксай Трэвел», ки аъзои АШСҚ мебошанд бо шарикони эҳтимолӣ 85 мулоқот анҷом доданд, ки 50 мулоқот натиҷаи ширкат дар "музокироти зуд" сурат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG