Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Рӯзи кино ва ҷашнвораи Океев баргузор мешаванд


Дар Қирғизистон ҷашнвораҳои Рӯзи кинои қирғиз ва 80-мин солгарди таваллуди ҳунарманди мардумӣ, коргардони кино Толомуш Океев дар як рӯз баргузор мешаванд.

Имрӯз дар Қирғизистон бахшида ба Рӯзи кинои қирғиз ва 80-мин солгарди таваллуди ҳунарманди мардумӣ, коргардони кино Толомуш Океев ҷашнвора баргузор мешавад, хабар доданд дар маркази матбуотии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳӣ.

Дар ин маросим вазири фарҳанг Алтинбек Максутов ба намояндагони арсаи кинои Қирғизистон ифтихорнома ва нишонҳои "Корманди шоиста"-ро тақдим мекунад.

Сипас дар кинотеатри "Манас" маросими расмие бо ширкати вакилони Жогорку Кенеш ва ҳукумат баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG