Ссылки доступа

БҶ: суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон 4,2% коҳиш ёфтааст


Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, коҳиши пули муҳоҷирон ва поин рафтани нархи пахта ва алюмин сабаби паст шудани суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон шудаанд.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патритсия Виверс-Картер 17 ноябр изҳор дошт, ки маблағҳои интиқолмедодаи муҳоҷирони меҳнатӣ манбаи асосии даромад дар оилаҳои кишвар мебошанд. Коҳиши ҳаҷми пулҳои интиқолӣ метавонад ҳамаи талошҳои ҳукуматро барои поин овардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварро ба ҳеҷ табдил диҳад.

Ба гуфтаи вай дар чунин вазъияти душвор БҶ ба мақомоти Тоҷикистон машварат медиҳад, ки ба рушди соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат карда, барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам кунанд.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи авваи соли ҷорӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар 289 миллион доллар интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,2% камтар аст.

XS
SM
MD
LG