Ссылки доступа

Фаъолони ҷомеаи Қазоқистон ба сафи маҳбусони сиёсӣ афзуданд


Чанд нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон, ки дар маҳбас қарор доранд, феҳрасти маҳбусони сиёсии ин кишварро бештар сохтаанд.

Фаъоли ҳуқуқи инсон Бахитҷон Торегожина имрӯз дар Facebook хабар додааст, ки Ермек Наримбаев, Болатбек Блялов, Серикжан Мамбеталини боздоштшуда ва Сакен Тулбаев, ки бо айби ифротгароӣ ба чаҳор солу ҳашт моҳи зиндон маҳкум шудааст, маҳбусони сиёсӣ унвон карда мешаванд. Ба иттилои Торегожина, чунин тасмим шоми дирӯз аз сӯйи шӯрои коршиносон бо ширкати ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва фаъолони ҷомеа гирифта шудааст.

Сиёсатмадори мухолиф Мухтар Аблязов, ки дар маҳбаси Фаронса ва зери таҳдиди истирдод ба Русия қарор дорад, низ ба эътиқоди ҳуқуқдонҳои қазоқ, маҳбуси сиёсӣ дониста шудааст.

Бори аввал чунин рӯйхатро фаъолони маҳаллии ҳуқуқи инсон 31 майи соли 2013 таҳия карда буданд ва дар он исми танҳо шаш нафар шомил буд. Дертар ба ин феҳраст боз 56 номи дигар зам шуд.

XS
SM
MD
LG