Ссылки доступа

Душанбе ва Бишкек тадбирҳои амниятиро тақвият медиҳанд


Дар Душанбе баъд аз амалҳои террористӣ дар Париж тадбирҳои амниятӣ тақвият ёфтаанд, хабар медиҳад бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/РадиоиОзодӣ.

Ниҳодҳои амниятӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ назоратро тақвият дода, постгоҳҳои милитсия дар дарвозаҳои Душанберо бо маъмурони бештари милится ва аслиҳа пурзӯр кардаанд.

Порлумони Тоҷикистон баррасии тағйиру иловаҳоро ба қонуни мубориза бо терроризм шурӯъ кард. Ин ислоҳот имкони қатъи алоқаи мобилӣ ва Интернетро ҳангоми амалиёти зиддитеррористӣ дар назар дорад. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки зимни фурӯши телефонҳои мобилӣ ва сим-кортҳо аз муштариён на танҳо нусхаи шиноснома, балки нақши ангушт низ гирифта шавад.

Ниҳодҳои қудратии Қирғизистон бо дастури нахуствазир Темир Сариев машғули таъмини амнияти фурӯшгоҳҳои бузург, муассисаҳои стратегӣ ва иҷтимоиянд. Ин дарстурро нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи пешгирӣ аз терроризм додааст, хабар медиҳад бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/РадиоиОзодӣ.

Хабар дода мешавад, ки дар фурудгоҳи Остона низ тадбирҳои амниятии бештар ҷорӣ шудаанд, ки ба амалҳои террористии 13 ноябр дар Париж марбутанд. Ин амалҳои террористӣ 132 кушта ва беш аз 300 захмӣ бар ҷо гузоштанд. Масъулияти чанд ҳамла дар пойтахти Фаронсаро гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ба зимма гирифтааст.

XS
SM
MD
LG