Ссылки доступа

Дар Қазоқистон нархи аксизи бензин боло рафт


Ҳаҷми аксизи бензин аз 4 500-5000 танга то 10 500-11000 танга афзоиш дода мешавад, омадааст дар қарори ҳукумати Қазоқистон зери шумораи 887, ки рӯзи душанбе дар нашрияҳои расмӣ чоп шудааст.

Ин қарор баъд аз 10 рӯз, яъне аз 25 ноябр мавриди иҷро қарор мегирад.

Тибқи ин санад дар сурати фурӯши яклухти маводи сӯхт аз сӯйи тавлидкунанда маблағи аксиз бар ҷойи 4 500 тангаи пештара барои як тонна 10,5 ҳазор танга мешавад. Дар сурати фурӯши бензин барои ниёзҳои дохилӣ бошад ҳаҷми аксиз ба ҷойи панҷ ҳазор тенгеи пештара 11 ҳазор танга мешавад.

4 сентябри соли ҷорӣ ҳукумати Қазоқистон худдориашро дар танзими нархи бензини навъи АИ-92/93 ба хотири пешгирии камбуди он эълом карда буд.

XS
SM
MD
LG