Ссылки доступа

Олланд ҳафтаи оянда бо Обама ва Путин мулоқот мекунад


Раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд мехоҳад, дар моҳи ҷорӣ бо раҳбарони ИМА ва Русия барои баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ барои ҳалли қазияи Сурия ва пешгирӣ аз фаъолияти гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» дидор дошта бошад.

24 ноябр Олланд дар Вашингтон бо раиси ҷумҳури ИМА мулоқот карда ва 26 ноябр дар Москва бо президенти Русия Владимир Путин дидор хоҳад дошт.

16 ноябр Олланд зимни суханронӣ дар назди вакилони порлумони Фаронса дар робита ба амалҳои террористӣ дар Париж хостори ташкили иттиҳоди воҳиди мубориза бо ифрогароён дар Сурия шуд. Олланд зикр кард, ки мехоҳад, дар зудтарин фурсат ин масоилро бо президентҳои Иёлоти Муттаҳида ва Русия баррасӣ кунад.

Дирӯз маркази матбуотии Кремл хабар дод, ки Путин ва Олланд сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд ва созиш расидаанд, ки дар мубориза бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» фаъолияти миёни низомиён ва ниҳодҳои амниятиро ҳамоҳанг созанд.

XS
SM
MD
LG