Ссылки доступа

Тафтишот: сӯйиқасд ба ҷони Обидхон бо дастури Тошканд шудааст


17 ноябр бозраси додситонии Шветсия ба додгоҳи шаҳри Остершунд иттиҳомоти ниҳоӣ дар робита ба парвандаи сӯйиқасд ба ҷони рӯҳонии саршиноси ӯзбек Обидхон-қорӣ Назаровро пешниҳод кард.

Ба гуфтаи бозрас Кристер Петерсон, дар муҳокимаи додгоҳӣ дар робита ба гумонбари сӯйиқасд Юрий Жуковский иттиҳомоте баррасӣ мешаванд, ки бино бар онҳо талоши қатли имом кори мақомоти Ӯзбекистон будааст.

- Дар ҷараёни таҳқиқот ман тавонистам маводеро ошкор созам, ки ҷаноби Жуковский дастур ва фармонро мустақиман ва ё тавассути миёнарав аз ҳукумати Ӯзбекистон мегирифтааст, - мегӯяд бозрас.

Юрий Жуковскийи 37-сола 25 августи соли ҷорӣ аз Русия ба Шветсия интиқол дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки сӯйиқасд ба ҷони рӯҳонии саршиноси ӯзбек ва мухолифи сарсахти Тошканди расмӣ Обидхон-қорӣ Назаров 22 феврали соли 2012 дар назди манзилаш дар шаҳри Стромсунди Шветсия рух дода буд. Назарови 57-сола то ҳол дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ аст.

​Назаров аз соли 1997 мавриди ҷустуҷӯи Идораи амнияти миллии Ӯзбекистон буда, моҳи марти соли 2006 Намояндагии Раёсати умури гурезаҳои СММ дар Қазоқистон Назаровро гуреза дониста, барояш дар Шветсия ҳаққи паноҳандагӣ дод.

XS
SM
MD
LG