Ссылки доступа

Дар Порис се террористи эҳтимолӣ боздошт шудаанд


Дар ноҳияи Сен-Дени, дар шимоли Порис дар ҷараёни амалиёти пулис се фарди гумонбар дар анҷоми амалҳои террористии рӯзи ҷумъаи 13 ноябр боздошт шуданд.

Боз се нафари дигар, аз он ҷумла худкуши худро мунфаҷиркарда, кушта шуданд, менависад хабаргузории Франс Пресс. Дастикам се маъмури пулис ҷароҳат бардоштанд.

Субҳи имрӯз пулис ҳавлиеро ба муҳосира гирифт, ки дар яке аз манзилҳои он тибқи иттилои манобеи мухталиф, аз як то се нафар панаҳ бурдаанд. Дар ин минтақа садои тирпарронӣ ва таркишҳо шунида мешавад. Дар фазои ин маҳалла чархболе парвоз дорад, хабар медиҳанд расонаҳои фаронсавӣ. Ба маҳалли амалиёт низомиён фиристода шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо ҳадафи амалиёти пулис ва артиш боздошти Абдулҳамид Абауда, ташкилкунандаи эҳтимолии амалҳои террористии 13 ноябр дар Порис будааст.

Шоми ҷумъаи 13 ноябр дар Порис силсилаи амалҳои террористие сурат гирифтанд, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт. 129 нафар қурбонии ин ҳамлаҳо шуданд. Яке аз ин амалҳои террористӣ дар минтақаи Сен-Дени, дар наздикии варзишгоҳи Стад-де-Франс рух додааст.

XS
SM
MD
LG