Ссылки доступа

УЕФА зимни рӯйдодҳои Порис бозиҳои аврупоиро лағв намекунад


Иттиҳоди анҷуманҳои футболи аврупоӣ (УЕФА) дар фикри худдорӣ аз баргузории бозиҳои Сабқати қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупо нест, ки бояд ҳафтаи оянда баргузор шаванд.

«Ҳамаи бозиҳои ба нақша гирифташуда дар мӯҳлатҳои муайяншуда баргузор мешаванд. УЕФА ба риояи қоидаҳо дар мавриди амният ва танзими тартибот зимни баргузории бозиҳо аҳамият медиҳад ва якҷо бо тимҳову мақомоти маҳаллӣ талош ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи чораҳо андешида шаванд. УЕФА дар мавриди мухлисоне, ки ба бозии тимҳои худ ба кишварҳои дигар мераванд ҳеҷ маҳдудияте роҳандозӣ накардааст ва чунин тасмимҳо дар салоҳияти мақомоти маҳаллӣ қарор доранд», - омадааст дар баёнияи УЕФА.

Ахиран ба сабаби хатари амали террористӣ аз баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои Олмон ва Голландия пешгирӣ карда шуд. Зеро дар маҳалли варзишгоҳ як ашёӣ шубҳаноке пайдо шудааст. Қаблан ба сабабҳои амниятӣ бозиҳои футболи миёни тимҳои мунтахаби Белгия ва Испания баргузор нашуд, ки мебоист рӯзи сешанбе дар Брюссел сурат мегирифт.

XS
SM
MD
LG