Ссылки доступа

Марзи таваррум дар Қазоқистон то 10 дарсад боло бурда шуд


Ҳукумат то поёни соли 2015 маҳдудаи таваррум дар Қазоқистонро то 8-10 дарсад боло бурд, хабар дод имрӯз вазири иқтисоди миллӣ Ерболат Досаев.

"Марзи таваррум аз шаш-ҳашт дарсад то 8-10 фоиз дар соли 2015 боло бардошта шуд", - иқтибос овардаанд хабаргузориҳо аз суханони Досаев зимни муаррифии тарҳи қонуни будҷаи кишвар дар порлумон барои солҳои 2016—2018.

Хабар дода шудааст, ки тарҳи будҷа ҳаҷми солонаи таваррум дар сатҳи шаш-ҳашт дарсад дар солҳои 2016 ва 2017, панҷ-ҳафт фоиз дар соли 2018, чаҳор-шаш дарсад дар соли 2019 ва коҳиши минбаъдаи он то се-чаҳор дарсад дар соли 2020-ро пешбинӣ мекунад.

Пештар хабар дода мешуд, ки зимни таҳияи будҷа барои се соли оянда қурби 300 тенге барои як доллар дар назар гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG