Ссылки доступа

Дар Бишкек афроди ношинос корманди милитсияро куштаанд


Дар маҳаллаи 8-уми Бишкек шахсони ношинос маъмури минтақавии милитсияро бо зарби тир куштанд. Дар ин бора ба “Азаттик” шоҳиди ҳодиса хабар дод.

Вай гуфт, ки садои чанд тирро шунид ва берун баромада, маъмури рӯйи замин афтодаи милитсияро дид. Баъд аз чанд лаҳза кормандони милитсия ҳозир шуданд.

Дар ниҳодҳои интизомӣ хабар доданд, ки аз дасти ҷинояткорон лейтенанти хурд Актилек Абдувалиев кушта шудааст. Ҳоло ҷузъиёти ин қатл таҳқиқ мешавад. Милитсия ҳамлагаронро ҷустуҷӯ мекунад.

Бар пояи иттилои аввалия, Абдувалиев барои бозрасии ҳуҷҷатҳо ду нафарро нигоҳ доштааст. Онҳо муқовимат нишон дода, ба вай аз аслиҳаи навъи номаълум тир задаанд. То ин кор маъмури минтақавии милитсия тавонистааст, ҳамкоронашро ба кӯмак даъват хунад.

XS
SM
MD
LG