Ссылки доступа

Панҷ ҷавон дар назди сафорати ИМА дар Душанбе боздошт шуданд


Ҷавононе, ки дар назди сафорати ИМА дар Душанбе гирди ҳам омаданд, мегӯянд, ки мақомот панҷ нафари онҳоро ба муддати як соат боздошт кардаанд.

Намояндагони ҷавонон, ки 19 ноябр дар назди бинои сафоратҳои Олмон ва ИМА дар Душанбе гирди ҳам омаданд, хабар доданд, ки маъмурони бахши дуввуми корҳои дохилии ноҳияи Сино панҷ нафари онҳоро боздошт ва баъд аз як соати бозпурӣ озод кардаанд.

Аммо дар бахши милитсияи Сино-2 ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд. Рӯшан нест, ки ҷавонон бо чӣ айб боздошт шудаанд ва парвандаи ҷиноӣ бар зидди онҳо боз шудааст ё не.

Субҳи 19 ноябр гурӯҳи ҷавонон дар назди бинои сафорати Олмон ва ИМА дар Душанбе гирди ҳам омаданд. Онҳо шарҳ доданд, ки барои гирифтани посух ба дархосташон омадаанд. Пештар онҳо аз кишварҳои ғарбӣ хоста буданд, ки раҳбарони мухолифини тоҷикро аз қаламрави кишварҳои худ истирдод кунанд. Нома бо дархости истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев ва Абдумалик Абдуллоҷонов як моҳ пеш ба ин сафоратхонаҳо фиристода шудааст. Ба иддаои ин ҷавонон, раҳбарони мухолифон зимни қарор доштан дар ин кишварҳо метавонанд, тавассути интернет бо ҳукумати Тоҷикистон мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG