Ссылки доступа

Русия ваъда дод, ки Аблязовро ба Қазоқистон истирдод намекунад


Додситони кулли Русия Юрий Чайка изҳор дошт, ки кишвараш «намехоҳад» сиёсатмадори мухолифи қазоқ ва собиқ бонкдор Мухтар Аблязовро ба Қазоқистон истирдод кунад.

Ин изҳороти Чайка баъд аз поении ҷаласаи шӯрои байнидавлатии пешгирӣ аз фасод дар Остона садо дод.

«Ҳоло бояд тасмими сиёсии истирдод дар сатҳи Шӯрои давлатӣ (дар Фаронса) гирифта шавад. Агар ин кор сурат гирад, вай ба Федератсияи Русия истирдод карда мешавад. Ба вай дар Федератсияи Русия ба ӯ айб эълон хоҳад шуд», - гуфт Юрий Чайка.

Мухтар Аблязов, собиқ раиси шӯрои мудирони БТА Бонк аз тобистони соли 2013 дар Фаронса маҳбус аст. Мақомоти Қазоқистон, Русия ва Украина ӯро ба тақаллубкории молӣ ва дуздии пул аз БТА Бонк айбдор мекунанд. 17 сентябри соли ҷорӣ нахуствазири Фаронса Мануэл Валс фармони истирдоди Аблязов ба Русияро имзо кард.

Ҷонибдорони Мухтар Аблязов ва фаъолони ҳуқуқи инсон даъват мекунанд, ки ӯро ба Русия истирдод накунанд. Зеро Москва амнияти вай ва мунсифона таҳқиқи шудани паравандаи ӯро кафолат намедиҳанд. Худи Аблязов айбҳои нисбати худро сохта ва сиёсӣ медонад.

XS
SM
MD
LG