Ссылки доступа

Чашмбандҳои Қирғизистон дар Фаронса соҳиби ҷоизаи баланд шуданд


Ҳунари чашмбандии Радислав Сафин ва Олга Крамер аз Қирғизистон бори дигар дар сатҳи байналмиллалӣ эътироф шуд. Ин даъфа онҳо соҳиби ҷоизаи мӯътабари Робер-Уден дар Фаронса шуданд.

Дар ин бора Радислав Сафин дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

Ин ҷоизаи байналмиллалӣ ҳамасола ба беҳтарин ҳунармандони иллюзионист супорида мешавад. Ин ҷоиза ба ҳунармандони қирғизистонӣ барои барномаи ҳунарии беҳамтои Silk Road тақдим шудааст. Ин барнома дар чаҳорчӯби шакли Quick Change иҷро шуда, аз он иборат аст, ки ҳунармандон дар саҳна дар сонияҳои баҳисоб 10 либоси ҳунариро ба бар мекунанд.

«Мо хеле хушҳолем, ки талошҳои мо бо чунин пирӯзӣ анҷомид. Ин барои мо ҳодисаи хеле муҳим аст», - хабар додааст Радислав Сафин.

Жан Эжен Роббер-Уден (Jean-Eugène Robert-Houdin) – яке аз бузургтарин ҳунармандони чашмбанди ҷаҳон маҳсуб меёбад ва ӯро сарвари чашмбандии муосир медонанд.

XS
SM
MD
LG