Ссылки доступа

Расонаҳои Чин аз маҳви 28 "террорист" хабар доданд


Расонаҳои давлатии Чин хабар медиҳанд, ки пулис 28 нафари 29 "террористе"-ро маҳв кардааст, ки гӯё ба кони ангишт ҳамла карда, ба камияш 5 корманди пулисро куштаанд.

Хабар дода мешавад, ки ин ҳамла дар вилояти Шинҷон дар ғарби Чин рух дода буд, ки дар ин минтақа уйғурҳо - аққалияти мусалмон зиндагӣ мекунанд. Дар сомонаи интернетии раҳбарияти вилояти Шинҷон 20 ноябр хабаре пайдо шуд, ки тибқи он гумонбарон баъд аз амалиёти 56-рӯза барои боздошти нафарони айбдор дар ҳамла ба кони ангишти Соган дар минтақаи Аксу кушта шудаанд. Дар ин ҳамла ба кони ангишт 11 нафари мулкӣ ва панҷ маъмури пулис кушта шуданд.

Ин хабар нахустин тайиди расмии ҳамла ба кони ангишт аст, ки дар бораи он Радиои "Осиёи Озод" баъд аз чанд рӯзи вуқӯи ин ҳодиса хабар дода буд.

"Баъд аз 56 рӯзи муборизаи беист дар Шинҷон аъзои гурӯҳи террористии хушунатбор, ки таҳти раҳбарии гурӯҳи ифротгарои хориҷӣ амал мекард, нобуд карда шуданд, - хабар медиҳад расонаи ҳукуматии Xinjiang Daily. - 28 нафар тахрибкор ба ҷуз як нафаре, ки таслим шуд, нобуд карда шуданд". Рӯзнома ду раҳбари гурӯҳи эҳтимолии хориҷиро зикр мекунад, ки номҳояшон уйғуриянд. Аммо исми ин гурӯҳ эълом нашудааст. Хушунат миёни уйғурҳо ва чиниҳо дар Шинҷон дар солҳои охир боиси даргириҳое мешаванд, ки садҳо кушта бар ҷой гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG