Ссылки доступа

Дар маҳбаси Бишкек ҷасади раиси пешини боздоштгоҳ ёфт шудааст


Дар маҳбаси Қирғизистон ҷасади раиси собиқи боздоштгоҳе кашф шуд, ки аз он ҷо дар моҳи октябр фирори дастҷамъона сурат гирифта буд. Ҷасад дар ҳоле ёфт шуд, ки ба дор овехта шудааст.

Дар ин бора бахши қирғизии Азаттик бо истинод ба Идораи давлатии иҷрои ҷазо (ИДИҶ) хабар медиҳад.

Ҷасади Имаш Телтаев субҳи имрӯз дар бунгоҳи тиббӣ пайдо карда шуд, ки дар он ҷо вай ба танҳоӣ нигаҳдорӣ мешуд, гуфтанд дар ИДИҶ. Сардорри пешини боздоштгоҳ ба ин бунгоҳ 11 ноябр дар ҳоле оварда шуд, ки аз саломатияш шикоят мекард.

Имаш Телтаев аз вазифаи раиси боздоштгоҳи вилояти Чуй баъд аз фирори маҳбусон барканор шуда буд. 12 октябр нӯҳ маҳбус фирор карданд. Ҳангоми талоши пешгирӣ аз фирор чаҳор корманди ИДИҶ кушта шуданд. Милитсия панҷ нафар фирориро боздошт кард, аммо чаҳор нафар тавонистанд, нопадид шаванд. Дертар се нафар аз ин маҳбусони фирорӣ кушта ва як нафар боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG