Ссылки доступа

7 нафар дар нишасти фалокатомези ҳавопаймо дар Ӯш захмӣ шуданд (Видео)


Чанд тан аз мусофирони хатсайри Красноярск-Ӯш 22 ноябр дар пайи нишасти садамавии ҳавопаймои Boing 737 дар фурудгоҳи Ӯш захмӣ шуданд

Ба гуфтаи духтури навбатдори бемористони вилоятии Ӯш Кубаничбек Максаталиев, ба беморхона 7 нафар муроҷиат карданд, ки бештарашон аз такон хӯрдани магзи сар ва лат дидани танашон шикоят доштанд. Вазъи ду нафар бад аст. Сутунмӯҳраи як зан шикаста, сари зани дигар, ки 15 ҳафта боз ҳомила аст, осеб дидааст.

Субҳи 22 ноябр ҳавопаймоии ширкати қирғизии “Авиа Траффик” дар фурудгоҳи Ӯш садама дид. Тибқи иттилои аввалия ба далели номусоидии вазъи ҳаво ҳавопаймо аз хатти парвоз берун шуда, қанот ва пояи чапаш шикастааст. Ҳавопаймо 148 мусофир ва 5 узви ҳайати ронандагӣ дошт.

В Оше Boing 737 совершил аварийную посадку
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:26 0:00

XS
SM
MD
LG