Ссылки доступа

Обама: Русия дар мавриди "ДИ" бояд «тасмими стратегӣ» гирад


Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама гуфт, ки барои Русия замоне расидааст, ки бояд дар мавриди мубориза бо «Давлати исломӣ» «тасмими стртегӣ» гирад ва на дар пайи «мухолифини мӯътадил"-е бошад, ки бо ҳукумати Башор Асад меҷанганд.

Обама «Давлати исломӣ»-ро қотилоне номид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нуфузи зиёде доранд.

Обама дар нишасти матбуотӣ дар Куала-Лумпур баъд аз поёни ҳамоиши АСЕАН суханронӣ кард. Раҳбари Кохи сафед ба раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба масъулони суқути ҳавопаймои мусофирбари русӣ ёдовар шуд. Вай гуфт, ки дар суқути ҳавопаймо ва кушта шудани 224 нафар сарнишини он “Давлати исломӣ” айбдор аст. “Путин бояд бо онҳое мубориза кунад, ки шаҳрвандони Русияро куштанд”, - гуфт Обама.

Обама ҳамчунин дар бораи зарурат ва имкони маҳви гурӯҳи «Давлати исломӣ» изҳори назар кард. Вай орзуи зиндагии осудаи аксарияти аҳолии ҷаҳонро дар муқобили фаъолияти ифротгароён гузошт. Ба гуфтаи Обама, дар ин интизории мардум асоси эътимоди пирӯзӣ бар зулм ниҳон аст. Каҳвахонаҳо ва ресторанҳоро ҳадафи ҳамла қарор додан “меъёри нави” зиндагии ҳамарӯза нахоҳад шуд", изҳор дошт Обама. Вай изҳори бовар кард, ки “Давлати исломӣ” маҳв мешавад ва қаламравҳои ишғолкардани он“ дубора озод мешаванд”.

XS
SM
MD
LG