Ссылки доступа

Дар Душанбе намоиши аксҳои “Нишони Суғдиён” боз шуд (Видео)


Аксҳои шоири ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ таҳти унвони “Нишони Суғдиён” дар Душанбе ба намоиш гузошта шуданд.

Аниса Собирӣ ин аксҳоро ҳангоми сафараш ба Масчоҳи Куҳӣ, деҳоти Яғноб, кӯҳҳои Фон ва вилояти Бадахшон дар тобистони имсол бардоштааст.

Ба гуфтаи вай, дар ин аксҳо на танҳо табиати афсонавии минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, балки зебоӣ, анъана ва хислатҳои суғдиёни бостон инъикос шудаанд.

Ин нахустин намоиши аксҳои Аниса аст. Аниса бо нашри китоби маҷмӯаи ашъори “Девонаград”-аш дар соли гузашта маъруфият касб карда буд. Бо нашри ин китоб Аниса ҷоизаи Иттифоқи нависандагони кишвар - “Падида”-ро дарёфт кард ва ҳамчунин ҷоизаи адабии “Курсии тилоӣ”-и Осиёи Марказиро соҳиб шуд. Дар соли гузашта ӯ сахунгӯи Конгресси Ҷаҳонии Адибон низ буд.

XS
SM
MD
LG