Ссылки доступа

Дар Налчики Русия раҳбари бахши маҳаллии “Давлати исломӣ” кушта шуд


Дар шаҳри Налчик, маркази маъмурии ҳавзаи Қабардину Балқари Русия 14 ҷангҷӯи аъзои гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ” кушта шудаанд.

Тавре Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия хабар медиҳад, миёни кушташудаҳо раҳбари бахши “Давлати исломӣ” дар ҳавзаи Қабардину Балқар Юрий Битсуев низ ҳаст. Битсуев баъд аз марги сардори қаблии ин гурӯҳ Роберт Занкишиев, 10 ноябри имсол раҳбари бахш интихоб шуда буд.

Рӯзи якшанбе дар бораи марги 11 силоҳбадаст, ки алайҳи пулиси Русия муқобилат нишон доданд, хабар расид.

Силоҳбадастон бо худ миқдоре аслиҳаи ҷангӣ доштанд. Мақомот коргоҳеро кашф кардаанд, ки ҷангҷӯён дар он ҷо таҷҳизоти таркандаи дастӣ месохтаанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки кушташудагон сокинони ҳавзаи Қабардину Балқарро барои ҷанг дар сафи гурӯҳҳои тундгаро ба Сурия мефиристодаанд.

XS
SM
MD
LG