Ссылки доступа

"Футболи Қирғизистон ба натиҷаҳои хуб даст ёфтааст"


Футболи Қирғизистон солҳои охир ба натиҷаҳои мусбат даст ёфта ва хеле рушд кардааст. Дар ин бора президенти Конфедератсияи футболи Осиё шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халиф ҳангоми мулоқот бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев изҳори назар кардааст.

Зимни мулоқот Отамбоев аз шайх Салмон барои ҳиссагузориаш дар рушд ва ислоҳоти футболи қораи Осиё, пуштибонӣ аз иқдоми Федератсияи футболи Қирғизистон, ҳамчунин аз иҷрои чандин тарҳ дар ин кишвар, ки барои рушди минбаъдаи футбол равона шудаанд, изҳори сипос кард.

Отамбоев тазаккур дод, ки вақтҳои охир майли қирғизистониҳо ба футбол афзудааст, ин ҳам бошад дар пайи бозии мунтахаби футболи он кишвар дар майдонҳои ҷаҳонӣ ба даст омадааст.

Президент Отамбоев ва раҳбари КФО изҳори умедворӣ карданд, ҳамкории онҳо минбаъд низ рушд хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG