Ссылки доступа

Тарҳи роҳи оҳани Чин--Эрон ба воситаи Қирғизистон


Як ширкати давлатии чинӣ тарҳи сохтмони роҳи оҳан тавассути қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ то Эронро таҳия кардааст, хабар медиҳад нашрияи China Daily.

Тарҳи роҳи оҳани баландсуръатро Хе Хуаю, сармуҳандиси ширкати China Railway Corp дар ҳамоиши сармоягузорие муаррифӣ кардааст, ки ҳафтаи гузашта барпо шуд. Тибқи ин тарҳ масири ин роҳ аз Урумчӣ-Алмаато-Бишкек-Тошканд-Самарқанд-Ашқобод-Теҳрон то кишварҳои Осиёи Ғарбӣ кашида хоҳад шуд.

Агар ин роҳи оҳан сохта шавад, фоида аз интиқоли маҳсулот метавонанд харҷи сохтмони онро пӯшонад. Ҳамчунин тавассути ин роҳи оҳан имкон дорад ба интиқоли мусофирон низ машғул шуд. Фарқият танҳо дар суръат хоҳад буд: барои қаторҳои мусофирбар 250-300 километр дар як соат ва 120 километр дар як соат барои қаторҳои борбар.

Ин тарҳ то ҳол таваҷҷӯҳи мақомоти чинӣ ва ё кишварҳои Осиёи Марказиро ба худ ҷалб насохтааст, аммо бозбинӣ ва такмил хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG