Ссылки доступа

Роҳбари тоторҳои Қрим шартҳои лағви муҳосираи Қримро эълон кард


Гуфтушуниди дубора ба роҳ мондани интиқоли нерӯи барқ ба Қрими илҳоқшуда аз ҷониби Русия танҳо баъди озод шудани маҳбусони сиёсӣ аз сӯйи Москва имконпазир аст.

Дар ин бора вакили парлумони Украина, яке аз роҳбарони тоторҳои Қрим Мустафо Ҷемилов изҳор доштааст.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки мамнуияти вуруди вай ва раиси Маҷлиси мардуми қриму тотор Рефат Чубаров ба Қрим аз байн бурда шавад ва «ба созмонҳои байналмиллалӣ барои назорати вазъи ҳуқуқи инсон иҷозаи вуруд дода шавад».

Агар ин шартҳо иҷро нашаванд, Ҷемилев мегӯяд, барқарории хати барқе, ки тавассути он ба нимҷазираи Қрим нерӯи барқ интиқол дода мешавад, имконнопазир аст.

Дар нимҷазираи Қрим, ки аз сӯи Русия «ишғол» шудааст, наздики 1,5 миллион сокинон бе нерӯи барқ мондаанд. Зеро Украина баъди канда шудани ду хатти барқ интиқоли барқ ба Қримро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG