Ссылки доступа

26 ноябр сокини шашмиллионуми Қирғизистон зода хоҳад шуд


Интизор меравад, ки рӯзи 26 ноябри соли 2015 сокини шашмиллионуми Қирғизистон ба дунё ояд. Дар ин бора Комитети миллии омори Қирғизистон хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, нахуствазири Қирғизистон Темир Сараев дастур додааст, ки барои пешвози ин шашмиллионумин сокини кишвараш гурӯҳи кории махсус таъсис дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди панҷмиллионумини Қирғизистон соли 2002 таваллуд шуда буд.

Аз соли 1959 то соли 2015 аҳолии Қирғизистон аз 2 миллиону 65 ҳазор нафар то 6 миллион, яъне се маротиба афзоиш ёфт, хабар медиҳад пойгоҳи хабарии "АКИpress" аз мизи гирде, ки барои истиқбол аз таваллуд шудани сокини шашмиллионии Қирғизистон ҷараён гирифтааст.

XS
SM
MD
LG