Ссылки доступа

Жолдошбек 28 хеш ва ҳам модари пирашро ба Сурия бурдааст


Сокини вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон Жолдошбек Қарабоев 28 хешовандон ва аз ҷумла модари пирашро ба Сурия бурдааст.

Дар ин бора ба «Азаттик» яке аз хешовандони ин оила Жанибай Тиналиев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, нахуст худи Жолдошбек Қарабоев ҳамроҳи зани ҳомила ва чаҳор кӯдакаш ба Сурия рафтааст. Сипас вай хешовандони дигарашро ҳамроҳи кӯдакони хурдсолашон инз ба ин кишвар кӯчондааст. Ҳамагӣ ҳоло дар Сурия 28 нафар аз хешовандони ин оила қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2015 аз ноҳияи Тон як оила бо панҷ фарзанд ва зани 80-сола бо чаҳор духтараш озими Сурия шуда буданд.

Пештар додситони кулл Индира Ҷолдубаева хабар дода буд, ки қариб 500 шаҳрванди Қирғизистон дар сафи созмонҳои байналмиллалии террористӣ дар Сурия қарор доранд, ки122 нафарашон занонанд.

XS
SM
MD
LG