Ссылки доступа

Туркия сабти ҳушдорҳо ба ҳавопаймои русии Су-24-ро нашр кард


Вазорати мудофиаи Туркия ҳушдорҳои садоӣ ба сарнишинони ҳавопаймои русии Су-24-ро нашр кард. Бино бар онҳо низомиёни туркӣ ба ҳавопаймои бомбаандози русӣ хабар медиҳанд, ки ба ҳарими ҳавоии ин кишвар наздик мешавад.

Туркия мегӯяд ҳар 30 сония дар тӯли 5 дақиқа ҳушдорҳо такрор шуда, вале ронандаҳои ҳавопаймои русӣ ин огаҳиро сарфи назар кардаанд.

Пештар, рӯзи чаҳоршанбе халабони ҳавопаймои бомбаандози Су-24 Константин Мурахтин изҳор дошта буд, ки “ҳеҷ гуна табодули хабар ва ё тамоси воқеӣ бо ҳарбиёни турк сурат нагирифтааст” ва мушаки партобшуда “ногаҳон ба думи ҳавопаймо бархӯрдааст”.

Су-24-и Русия субҳи 24 ноябр дар наздикии марзи миёни Туркия ва Сурия ҳадафи оташи ҳавопаймоии низомии F-16-и сохти амрикоӣ қарор гирифт. Мақомоти Русия пофишорӣ доранд, ки ҳавопаймои Су-24 ҳангоми мавриди ҳамла қарор гирифтанаш дар ҳарими ҳавоии Сурия қарор дошт. Рӯзи сешанбе вазорати мудофиаи Русия кушта шудани яке аз сарнишинони Су-24-ро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG