Ссылки доступа

Путин ва Олланд дар Москва гуфтушунид мекунанд


Имрӯз дар пойтахти Русия дидор ва гуфтушуниди президенртҳои Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Франсуа Олланд баргузор мешавад.

Ҳафтаи ҷорӣ президент Олланд бо сарони қудрати ҷаҳонӣ дидору гуфутушунид дорад, то онҳоро ба густариши амалиёти зидди гуруҳи тундгарои «Давлати исломӣ» даъват кунад. «Давлати исломӣ» ҷавобгарии ҳамлаҳои ахири Порисро бар уҳда гирифтааст.

25 ноябр дар Порис Франсуа Олланд бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел мулоқот кард. Ангела Меркел ваъда дод, ки дар мубориза алайҳи терроризм аз Фаронса ҳимоят мекунад.

Ҳафтаи ҷорӣ Олланд ин масъаларо ҳамчунин бо сарвазири Бритониё Девид Кэмерон ва президенти ИМА Барак Обама баррасӣ кард. Дар рӯзҳои наздик дидори Олланд бо сарвазири Итолиё Маттео Рентси доир хоҳад шуд.

Дар ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 13 ноябр дар Порис 130 нафар кушта ва бештар аз 350 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG